Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми гушоиши Арки нишони миллӣ дар Душанбе


Шоми дирӯз бо анҷоми як маросим ва консерти бузург дар ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе Арки нишони миллӣ пардабардорӣ шуд. Баландии ин арки воқеъ дар канори чапи Қасри Миллат 45 метр ва даври нишони насбшуда бар фарози он 5 метр мебошад. Дар канори рости Қасри Миллат Бурҷи Парчами Тоҷикистон сохта шудааст, ки бо 165 метр баландӣ баландтарин бурҷи парчам дар ҷаҳон дониста мешавад. Қарор аст, ин бурҷ расман дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон боз шавад.
XS
SM
MD
LG