Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Афви байналмилалӣ аз парвандаи Усмонов


Созмони Афви байналмилалӣ дар як баёния боздошти хабарнигори ББС дар вилояти Суғд Урунбой Усмоновро марбут ба фаъолияти касбии ӯ номида, аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки Усмоновро бо иттиҳомоте, чун хабар надодан ба мақомот, метавонанд то 5 сол равонаи зиндон кунанд. Мояи дигари нигаронии ин созмон шаҳодати ахири Усмонов дар мавриди истифодаи шиканҷа алайҳи ӯ ҳангоми боздошт будааст.
Урунбой Усмонов рӯзи 13 июн ибтидо бо иттиҳоми ҳамкорӣ дар созмони манъшудаи Ҳизб-ут-таҳрир дастгир шуд ва як моҳро дар боздошт ба сар бурд. Муҳокимаи парвандаи ӯ дар додгоҳи Хуҷанд дирӯз аз сар гирифта шуд ва қозӣ инбор муфаттиши парванда Саидмуҳиддин Саймуддиновро бозпурсӣ кард, аз ҷумла пиромуни иддаои шиканҷа шудани хабарнигор дар боздошт.
XS
SM
MD
LG