Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имшаб барои мусалмонон Шаби Қадр фаро мерасад


Имрӯз, 26 август, Русия мехоҳад моҳвораи дигари ГЛОНАСС-ашро аз пойгоҳи кайҳонии Плесетск ба мадор партоб кунад. Имрӯз дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ доир мешавад. Иттиҳоди кишварҳои Африқо дар як нишасти изтирорӣ дар Аддис-Адеба вазъи Либияро баҳс мекунад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои як рӯз ба водии Рашт сафар хоҳад кард. Имрӯз дар Бусони Корея анҷумани панҷрӯзаи муқобила бо СПИД дар Осиёву Уқёнусия оғоз ба кор мекунад.
Имшаб мусалмонони ҷаҳон бо дуъову тиловат аз Лайлатулқадр – шаби нузули Қуръон таҷлил мекунанд. Ва имрӯз, 26 август дар Эрон Рӯзи Қудс аст, ки ба нишони якдилӣ бо фаластиниҳо эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG