Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи филм аз таърихи ислом дар Ироқ


Порлумони Ироқ намоиши сериали “Ал-Ҳасан, Ал-Ҳусайн ва Муовия”-ро манъ кард, вале баъзеҳо мегӯянд, ин кор аҳдофи сиёсӣ дорад.

Намоиши филми силсиладори “Ал-Ҳасан, Ал-Ҳусайн ва Муовия”, ки ибтидои моҳи Рамазон дар яке аз шабакаҳои телевизионии Ироқ шурӯъ шуд, боиси баҳсҳои оташин дар мавзӯи хеле ҳам нозуки мазҳабӣ рӯи як давраи ҳассоси таърихи Ислом, офаридани нақши аъзои оилаи пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ва саҳобаҳои ӯро ба амал овард.

Маҷлиси қонунгузори Ироқ ташаббусро ба даст гирифта, намоиши ин сериалро манъ кард, вале баъзеҳо мегӯянд, ки ин қарор бо ҳадафҳои сиёсӣ қабул шудааст.

Намоиши сериал дар бораи ҳаёти баъзе поягузорони дини ислом мавриди интиқоди шадиди парламенти Ироқ қарор гирифт ва вакилони мардумӣ дастур доданд, ки намоиши он мутаваққиф гардад.

Сериали “Ал-Ҳасан, Ал-Ҳусайн ва Муовия”, ки ба ҳаёти набераҳои пайғамбари дини Ислом Ҳасану Ҳусайн ва ҷамъоварандаи ҳадисҳои пайғамбарӣ Муовия ибни Абусуфён бахшида шудааст, таваҷҷӯҳи мардуми зиёди Ироқро ба ҷалб карда, аз ҷумла суолеро ба миён овард, ки оё намоиши аъзои оила ва саҳобаҳои пайғамбар ҷоиз аст ё не?

Сериал, ки аз сӣ пора иборат аст, мебоист аз рӯзи аввал то охири моҳи Рамазон дар шабакаи "Бағдодия"-и Ироқ намоиш дода мешуд. Сериалро ҳам рӯҳониёни суннӣ ва ҳам шиа танқид намуда, талаб карданд, ки намоиши он қатъ гардад.

Ҳамзамон Донишгоҳи Аз-Азҳари Миср низ фатво содир кард, ки офаридани нақши пайғамбарон, саҳобаҳо ва пешвоҳои дигари дини Ислом ғайри қобили қабул аст. Аҳмад Маҳҷуб мудири иҷроияи канали телевизионии Бағдод мегӯяд: “Боиси таассуф аст, ки 13 август парламент зудтарин қарорашро тасвиб кард. Дар тӯли ду дақиқаву 45 сония қарор ироа шуду раиси парламент вакилонро ба овоздиҳӣ даъват кард. Ӯ гуфт манъи сериалро ҳама дастгирӣ карданд, вале ин ҳарф дуруст нест. Бар илова пагоҳаш, соати нуҳи саҳар, Комиссияи расонаҳову мухобирот, ки гӯё мустақил аст, намоиши сериалро манъ кард. Дар як шаб чӣ гуна онҳо сериал ва муҳтавои онро таҳқиқ карда бошанд?

Дар ҳамин ҳол баъзе шабакаҳои арабии телевизиони кишварҳои хориҷӣ намоиши сериалро идома медиҳанду мардуми Ироқ метавонанд тавассути мавҷгирҳои моҳвораӣ онро тамошо кунанд.

Яке аз пешвоёни рӯҳонии шаҳри Наҷафи Ироқ шайх Абдулмаҳдӣ Карбалоӣ иброз доштааст, ки сериал саршор аз дурӯғ буда, дур аз воқеият аст: “Аз порчаҳое, ки намоиш додаанд, ба назар мерасад, ки сериал саршор аз тақаллуб ва инъикоси барғалати ҳаёти имом Ҳасан мебошад. Дар он дурӯғ ҳам зиёд ба чашм мехӯрад.”

Як сокини Карбало, ки нахост номаш ошкор шавад, ба хабарнигори Радиои Ироқи Озод гуфт: “ Ман аввалин саҳнаи ин сериалро дидаму канали телевизионро тағйир додам. Ин сериал ба усули барои ҳамаи мусулмонону ҳамаи мазҳабҳо қобили қабул мутобиқ нест. Сониян, он рӯйдодҳои таърихии дини Исломро нодуруст тафсир кардааст.”

Муаллифони сериал ба ин ақида мувофиқ нестанду мегӯянд, ки қабл аз наворгирӣ онҳо бо рӯҳониёни пешқадами Сурия, Урдун, Марокаш, Тунис ва кишварҳои соҳили Халиҷи Форс машварат карда буданд. Ин нуқтаи назарро як зани ироқӣ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуд, дастгирӣ мекунад: “Намоиши сериали таърихӣ, ки дар он нақши симоҳои пешво офарида шудаанд, ҳеҷ бадие надорад. Магар мо аксҳои имом Ҳусайн ва дигар пешвоҳоро надидаем? Хуб, агар як ҳунарманд нақши онҳоро офарида бошад, чӣ бадӣ дорад?”

Коргардонҳои сериал вакилони мардумии Ироқро бо истифодаи сериал барои пешбурди ҳадафҳои сиёсӣ муттаҳам мекунанд, вале вакилон мегӯянд, ки онҳо аз сар задани як низои эҳтимолӣ ҷилавгирӣ кардаанд. Басин ал-Ҳаҷҷор, ҳунарманди маъруфи ироқӣ дар ин иртибот мегӯяд, солҳои тӯлонӣ ҳунармандон ва равшанфикрон аз он дар хавф буданд, ки арзёбии мавзӯъҳои ҳассоси динӣ боиси низоъ мешавад ва акнун, вақте ки озодӣ бештар шудааст, хатти сурхи бештар низ пайдо мешавад, ки убури он натиҷаи хуб нахоҳад дошт.

Хотирнишон мекунам, ки баъди куштори Алӣ ибни Абутолиб-халифаи чаҳорум ва домоди пайғамбар Муҳаммад(С) Муовия раҳбарии хилофати мусулмононро бар дӯш гирифта, Димашқро пойтахти он эълон кард. Ҳамчунон Муовия авввалин халифа буд, ки раҳбарии давлати исломиро на ба интихоби уммат гузошт, балки ба фарзандаш мерос гузошту ҳукуматро хонаводагӣ кард.
XS
SM
MD
LG