Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи додгоҳии Сангов идома хоҳад ёфт


Сафаралӣ Сангов чанд моҳ пеш аз ҳалокаташ.

Сафаралӣ Сангов чанд моҳ пеш аз ҳалокаташ.

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳарос доранд, ки айбдоршавандагони марги Сафаралӣ Сангов мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Амриддин Амонов, котиби додраси ин парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «дар ҳақиқат аз таърихи 17 июн баррасии додгоҳии парванда боздошта шудаааст. Зеро ин амр ба дархости адвокат ва ба манзури баргузории ташхиси судӣ -тиббӣ сурат гирифтааст. Ҳамакнун 23 август хулосаи ташхис ба суд ворид шуд ва муҳокимаи ин қазия идома хоҳад дошт.»

Ин дар ҳолест, ки Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи чониби ҷабрдида аз тӯл кашидани раванди ташхис изҳори нигаронӣ кардааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар ин парванда Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасанов, ду нафар аз кормандони шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷиноӣ ба иттиҳоми саҳлангорӣ дар иҷрои вазоифи хидматӣ шомиланд, ҳадс зада мешуд, шояд яке аз далоили таъхир дар мурофиаи додгоҳӣ мавриди афв қарор гирифтани ин афрод бошад.

Аммо Амриддин Амонов инро рад кард ва гуфт, ки «мурофиаи додгоҳӣ қабл аз қабули Қонуни афв боздошта шуда буд ва танҳо сабаби асосӣ низ дарёфти натиҷаи ташхиси судӣ-тиббӣ буд. Маъмурони пулис афв хоҳанд шуд ё на, ман намедонам, ки модаҳое, ки онҳо мутаҳҳам дониста мешавад ба афв меафтанд ё не. Аммо ин мурофиа ҳатман идома хоҳад ёфт ва раискунанда таърихи онро мушаххас хоҳад кард.»

Бо ин ҳам ин масъули додгоҳи Сино аз эъломи натоиҷи хулосаи ташхиси пизишкӣ худдорӣ кард, аммо гуфт, вакили мудофеъ ва тарафи ҷабрдида метавонанд ба хулосаи ташхис шинос гарданд.

Ҳамчунин ба таъкиди Амриддин Амонов, муҳокима, ки қарор аст дар ояндаи наздик баргузор шавад, боз хоҳад буд ва алоқамандон, ба хусус хабарнигорон зимни ширкат дар он аз мӯҳтавои ин хулосаи ташхис огоҳ хоҳанд шуд.

Ин дувумин талоши ташхиси сабабҳои марги Сангов аст. Бино бар ташхиси аввал, Сангов гӯё худро аз зинаҳо партофта ва худкушӣ кардааст. Аммо пайвандони Сангов мегӯянд, ки ӯ дар натиҷаи шиканҷаи мақомоти милиса кушта шудааст.

Сафаралӣ Сангов рӯзи 1 март аз сӯи маъмурони милисаи ноҳияи Сино боздошт шуда, баъди чаҳор рӯз бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон даргузашт.
XS
SM
MD
LG