Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Тоҷикистон ва маъзаратхоҳии радиои Русия


Вазорати умури хориҷа ва вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо ирсоли номаи расмӣ аз радиои давлатии Русия, хостаанд, барои беэҳтиромӣ ба тоҷикон расман маъзарат бихоҳад. Сергей Стиллавин яке аз муҷриёни радиои “Маяк” зимни гуфтӯгу бо корманди дигари ин радио Рустам Воҳидови тоҷик, ҳунарнамоии гурӯҳи тоҷикистонии шинохтаи “Парем” дар Маскавро ба масхара кашида ва аз ҷумла гуфтаанд, “фарҳанг дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз байн рафтааст." Сергей Стиллавин ва дӯсташ, барои ин кор дар барномааш аз миллати тоҷикон ба таври кинояомезе маъзарат хостанд.
XS
SM
MD
LG