Пайвандҳои дастрасӣ

Марги мармузи як сарбози арманӣ


Наздиконаш мегӯянд, ба эътиқоди онҳо, сарбози армание, ки ҳафтаи гузашта ҷасадашро ёфтанд, худкушӣ накардааст. Ҷасади Вардан Севиёни 19-соларо рӯзи 19 август дар воҳиди низомие дар шаҳри ҷанубии Горис пайдо карданд. Мақомоти вазорати дифоъи Арманистон мегӯянд, Вардан баъди шунидани хабари издивоҷи маҳбубааш бо ҷавони дигар, бо туфангаш худкушӣ кардааст. Аммо Сузана Севиён модари сарбоз ба бахши армании Радиои Озодӣ гуфт, писараш ҳеҷ гоҳ дӯстдошта надошт ва агар медошт ба ӯ муаррифӣ мекард. Ба гуфтаи модару хоҳараш, дар гардани сарбози ҳалокшуда ба ғайр аз захми тир осори захми дӯхта ҳам намоён будааст.
XS
SM
MD
LG