Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳазорон нафар аз мухлисони футбол бесаброна интизори бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбакистонанд.

Ин бозӣ, ки "таърихӣ" унвон шудааст, қарор аст рӯзи 2-юми сентябр дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода баргузор шавад. Дар ростои он дастаҳои миллии ду кишвар тибқи режими шадид бо машқу тамрин машғуланд.

Мураббиёни ду даста аллакай дар баёнияҳои худ аз рақиби хеш ситоиш карданд ва ҳамзамон ишора намуданд, ки ба пирӯзии дастаи худ шубҳа надоранд.

Ва аммо мухлисони футбол дар ростои ин мулоқоти варзишии ду кишвари ҳамсоя бо мақсади мубориза барои роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2014 дар Бразилия интизориҳои хоси худро доранд, ки метавон онҳоро дар се бахш дастбандӣ кард.

БОВАРӢ БА ҒАЛАБА

Мухлисони футболи ҳарду кишвар дар торнамои “Озодӣ” ва ҳам сафҳаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук бо итминони комил мегӯянд, ки дастаи онҳо пирӯз хоҳад гашт. Аммо ҳарду тараф низ тавонмандию ҳунари ҳамдигарро эътироф мекунад.

Дар ин байн мухлисони дастаи миллии Узбакистон ба нерӯ ва таҷрибаи дастаи худ эътимоди комилтар нишон медиҳанд, аммо эътироф мекунанд, ки шояд дастаи миллии Тоҷикистон ангезаи қавитаре барои ғалаба дошта бошад. Онҳо ба ин чиз низ таъкид мекунанд, ки варзиш варзиш аст ва набояд ба равобити ҳасанаи байни ду мардум халале ворид кунад, балки баръакс мояи тафоҳум ва ҳурмати тарафайн гардад.

ЭЪТИРОФИ РАҚИБ

Дар навори зер хоҳед дид, ки чандин мухлиси тоҷик тавонмандиҳои дастаи миллии футболи Узбакистонро эътироф мекунанд. Яке мегӯяд, футбол дар Узбакистон аз сатҳи навоҳӣ гирифта, то кулли кишвар дар ҳоли рушд аст, варзишгарону мураббиён дастмузди хуб мегиранд ва таҷрибаи онҳо дар бозиҳои байнулмилалӣ бештар аст.

Мухлиси дигаре бо тамоми тантана мегӯяд, вай дӯстдори сарсахти дастаи футболи Тоҷикистон аст, аммо ба назари ӯ, дастаи Узбакистон пирӯз хоҳад гашт. Зокир Эшонов дар Фейсбук менависад, бо вуҷуди он ки дастаи Узбакистон қавист, дастаи Тоҷикистон низ солҳои охир таҷрибаи зиёде андӯхтааст ва “бозӣ мумкин бо ҳисоби баробар тамом шавад.”

ЭҲТИМОЛИ МӮЪҶИЗА

Мухлисоне, ки қувваю таҷрибаи дастаи рақибро эътироф мекунанд, аз сари муҳаббате, ки ба номи ватани худ доранд, умедвор мешаванд, ки дар муддати кӯтоҳ футболбозони онҳо саршор аз ҳунару истеъдоду маҳорат мешаванд ва аз рӯйи нангу номус бо омодагии комил ба майдони сабз баромадаву дар як бозии тезутунд, шавқангез ва пурэъҷоз ба пиирӯзӣ мерасанд.

Даст ёфтан ба роҳхати бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ барои ҳар ду даста машкук аст ва коршиносон шансҳои дастаи Ҷопонро дар ин самт бузургтар мешуморанд. Дастаи Корея низ солҳои охир ба комёбиҳое ноил гаштааст. Ҳоло бояд дид, аз ду дастаи Тоҷикистон ва Узбакистон пирӯзӣ дар ин бозӣ беш аз ҳама ба кадоме зарур ва муҳим аст.


ИЛОВАЕ БА ҶОИ ОХИРСУХАН

Дар гуфтугӯ бо ҳамкори мо, шореҳи варзиш Нарзуллоҳи Латиф ин ҷузъиёт маълум шуд, ки пас аз ду шикаст дар баробари тими миллии Сурия Федерасюни футболи Тоҷикистон, мутахассисони футбол ва ҳайати дастаи мунтахаби кишвар боре ҷамъ наомаданд, то сабабу омилҳои бохт ба Сурияро таҳлил кунанд. Ҳама бо истеъфои сармураббии даста иктифо карданд ва аслан дар фикри арзёбии бозии тими миллӣ ва хатову иштибоҳҳо нашуданд.

Танҳо замоне ки ФИФА дастаи Сурияро бо сабаби дар ду тими мунтахаб бозӣ кардани Ҷорҷ Мурод, бозигаре, ки дар қувваозмоиҳо бо дастаи Тоҷикистон ширкат дошт, аз сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳонии соли 2014 берун накард, дар ФФТ ва дастаи миллӣ ҳеҷ гуна ҳаракате ба мушоҳида нарасид. Бо ин ҳол маълум нест, то куҷо метавон ба комёбии дастаи мунтахаби Тоҷикистон умед баст. Вале бо вуҷуди ин агар на ҳама, бигзор, аксарият орзу доранд, ки дастаи миллии кишвар аз нокомиҳо сабақ бардоштаву ин бор мухлисони худро шод хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG