Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Пориси Фаронса мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо миёни мардону занон бо ширкати ҳудуди 1000 гуштигир аз 136 кишвар ҷараён дорад.

Рӯзи 25-уми август ду варзишгари тоҷик – Фарҳод Раҳимов ва Шералӣ Бозоров дар вазни то 81 кило қувваозмоӣ карданд.

Фарҳод Раҳимов баъди се пирӯзӣ бар Робен Пакер (Шветсия), Ричардсон Дуверги (Гаити) ва Олимбек Юсупов (Қирғизистон), дар даври чаҳорум аз Срдҷан Мрвалҷевик (Монтенегро) мағлуб гашт.

Шералӣ Бозоров, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуввум аз Эммануел Лукнетии аргентинӣ бо баҳогузории “иппон”шикаст хӯрд.

Ғолибони сабқат дар вазни то 81 кг:

1. КИМ Ҷае-Бум (Куриёи Ҷанубӣ)
2. МРВАЛҶЕВИЧ Срдҷан (Монтенегро)
3. ГУИЛХЕЙРО Леандро (Бразил)
3. ТОМА Сергий (Молдова)

Ба ин тартиб аз 6 паҳлавони тоҷик 4 нафар аз ҳаққи идомаи мубориза дар сабқати ҷаҳонӣ маҳрум гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷамшед Халилов дар нахустин қувваозмоияш дар вазни то 60 кило аз гуштигири Гурҷистон Амиран Папинашвили ва Расул Боқиев дар вазни то 73 кило аз Андреа Регисуи итолиёвӣ шикаст хӯрда буданд.

Рӯзи 26-уми август паҳлавони дигари тоҷик Парвиз Собиров дар вазни то 90 кило бо Патрик Кподар (Того) қувва меозмояд.

Дар рӯзи охирини мусобиқот, 27-уми август, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни то 100 кило бо Милан Дисовис (Сербия) рақобат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG