Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Матбуот:Каримов намеояд, Роғун зери ?, Файзалию Ризвон - қаҳрамон


Нишасти қарибулвуқӯи сарони ИДМ дар Душанбе дар меҳвари матолиби бархе аз нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор гирифтааст.

Ҷашни бидуни Каримов

«Имрӯз нюс» дар матлаби «Ҷашни бидуни Каримов» мавзӯи ҳузур пайдо накардани Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон дар нишасти сарони ИДМ дар шаҳри Душанберо ба чолиш кашида ва навиштааст, ки «таҳлилгарон чунин иттифоқеро интизор доштанд. Чун Узбакистон оҳиста-оҳиста аз ҷараёнҳои баҳамоӣ дар доираи ИДМ мебарояд. Иштирок накардани Ислом Каримов дар ҷаласаи ғайрирасмии СПАД дар Остона далоили ин гуфтаҳост».

Нашрия аз қавли таҳлилгарон афзудааст, ки «қарори президенти Узбакистон ва ширкат накардани вай дар ҷаласаи Душанбеии ИДМ ва тағйирёбии шакли сафари президенти Русия Дмитрий Медведевро метавон ҳамчун ба намоиш гузоштани мавқеи Узбакистон ва Кремл ба Душанбеи расмӣ маънидод кард. Ҳар яки онҳо ба мо даъво доранд, вале як чиз яқин аст, ҳам Маскав ва ҳам Тошкандро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонеъ намесозад».

Аммо далели дигарро нашрия чунин арзёбӣ мекунад, «аз ҷониби дигар, ИДМ сол аз сол нишон медиҳад, ки сохтори бефоида аст. Зеро имрӯз ошкор аст, ки ягон иттиҳод дар доираи ИДМ вуҷуд надорад. Бинобар ин натиҷаи ҷаласаи дар пеш истода ҳам хушку холист».

Оқибати тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ

«Нигоҳ» ба баррасии пешниҳоди ахири Бонки Ҷаҳонӣ дар заминаи худдории Тоҷикистон аз сохтмони марҳалаи нахусти нерӯгоҳи «Роғун» пардохта ва дар мақолаи «Шарики боэътимод» навиштааст, ки «Бонки Ҷаҳонӣ, ки ба ҳимояташ дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» умед баста будем, моро фурӯхт. Ин ниҳоди бузурги молиявӣ, ки мебоист барои ёфтани роҳалҳои мушкилоти атрофи сохтмони «Роғун» ба Тоҷикистон мусоидат мекард, ҳоло «ҳавлоро монда тутхӯрӣ», яъне шартгузорӣ мекунад».

Ба навиштаи нашрия чунин муносибати Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон бозие беш нест ва дар ҳоли ҳозир пеши Тоҷикистон як суол халқ шудааст: оё бо Бонки Ҷаҳонӣ меарзад, ки ҳамкорӣ кард? Онҳо дурандештар ҳастанд. Аммо ба гумони мо, дигар эътимод ба ин ниҳоди байнулмилалии бонуфуз набояд кард. Агар ҳамкорӣ ҳам мекунем, ки бе ин ҳам намешавад, дониста кор кунем, сода набошем».

«Наҷот» низ дар ин замина суоли «Тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ: Табдили имконияти «Роғун» ё идомаи таҳқиқи он?» матраҳ кардааст, ки Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳоди Бонки Ҷаҳониро ғайримунтазира номида ва гуфтааст, ки «пеш аз ҳама мо намедонем, ки бо Ҳукумати Тоҷикистон ин кор мувофиқа шудааст ё не? Дуввум, дар ин масъала аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон кӣ имзо кардааст? Саввум ҳоло вақти бастани сарбанди об ҳам нест ва пеш аз мӯҳлат дар ин мавзӯъ изҳорот додан ва мардумро ба иштибоҳ андохтан далолат бар он мекунад, ки ин ҷо фишори сиёсие ҷой дорад.

Ба хусус аз ҷониби онҳое, ки комиссияро маблағгузорӣ мекунанд». Ҷаноби Сафаров, хулосаи коршиносони БҶ -ро на танҳо фишори сиёсӣ медонад, балки иқдоми бисёр муайян ва мақсадноки стратегӣ арзёбӣ мекунад, ки метавонад ба дурнамои равандҳои сиёсии кишвар ва минтақа халал ворид намояд». Зеро ба таъкиди ҷаноби Сафаров «оқибати ин кор хуб нест. Аз нигоҳи сиёсӣ ин кор шикасти идеяи миллии мост ва ба бовари мардум ҷиҳати беҳшавии зиндагии хуб зарба мезанад, ки қобили қабул нест».

Иҷроиши Қонуни афв

«СССР» иҷроиши муфоди «Қонуни афв» - ро, ки ахиран раиси ҷумҳури Тоҷикистон онро имзо кард. ба баррасӣ гирифта ва дар матлаби «Ёқуб Салимов афв шуду Фарзона озод» навиштааст, ки «интизор меравад, ки 2 соли зиндонии Ёқубро қайчӣ зананд. Яъне аз мӯҳлати 15 солаи Ёқубҷон Салимов 2 сол кам мегардад. Ба ҳамин тартиб, ки Ёқуб, ки 8 сол нишастааст, ба ин солҳо 2 соли дигар зам мешавад, мегардад 10 сол ва ӯ пас аз 5 сол бояд озод шавад».

Ба навиштаи нашрия «ин ҳам дар
мавридест, ки Қонун дар бораи Афви навбатӣ, ки шояд ба истиқболи ягон чорабинии муҳими давлатӣ, масалан, 15 солагии Истиқрори Сулҳ дар соли 2012 қабул гардад, 12 моҳ ба баъд метавонад Ёқубҷон Салимов комилан озод шавад!»


«Озодагон» дар ин бора суоли «Чаро танҳо «маҳмудиён» бояд афв шаванд?»-ро бо чанд тан коршиносон матраҳ кардааст. Адвокат Абдуқаюм Юсуфов, дар посухи ин суол гуфтааст, ки «нисбати он нафароне, ки роҳгум задаанд ва аз рӯи иштибоҳ ба он гурӯҳҳо шарик шудаанд, нисбати онҳо парванда қатъ карда мешавад. Раҳбарияти давлат чунин шуморидааст, ки нафарони ба гумроҳӣ ба ин исёнҳо шарик шудаанд, авф шаванд. Мо ҳоло гуфта наметавонем, ки нисбати шахсан фалон воқеаҳо афв татбиқ карда мешавад ва ё намешавад. Дар қонуни афв ҳамаи ҳолатҳои татбиқи афв гуфта шудааст, ки дар кадом ҳолатҳо озод мешаванд ва дар кадом ҳолатҳо озод намешаанд».

Воҳидхон Қосиддинов, муовини раҳбари ҲНИТ мавриди афв қарор гирифтани тарафдорони Маҳмуд Худойбердиевро ҷонибдорӣ карда ва мегӯяд, «онҳое, ки ҳамроҳи Маҳмуд рафтаанд, агар афв шаванд, беҳтар аст. Чунки баъд аз баромадан шояд аз пайвастан бо Худойбердиев худдорӣ кунанд ва ба назди падару модарашон омада, роҳи хуберо пеша кунанд». Аммо Зафар Қурбонов, ҳуқуқшиноси тоҷик ба ин назар аст, ки «бояд тамоми мухолифон дар ин афв бахшида мешуданд. Чунки онҳо ҳамватанони моянд ва аксари онҳо баъди созиши сулҳ ба ватан баргаштанд ва бояд дар қатори дигарон дар озодӣ умр ба сар баранд».

Файзалӣ ва Ризвон — қаҳрамони миллӣ?!

«Миллат» дар пасманзари пахши филми бисёрсериягии мустанад ба муносибати 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар шабакаҳои телевизионии ин кишвар ва пешниҳоди раиси ноҳияи Бохтар, ки ба Файзалӣ Саидов, фармондеи Фронти Халқӣ номи қаҳрамони имллӣ дода шавад, матлаберо зери сарлавҳаи «Агар ҳанӯз Файзалӣ Саидов қаҳрамон аст, сулҳ нашудааст» чоп кардаст.

Муаллифи матлаб бо суханони шоҳидони даврони ҷанги дохилӣ, собит кардааст, ки Файзалӣ Саидов дар он замон чи бадкориҳоеро анҷом додааст. Муаллиф менависад, «аз онҳое, ки Файзалиро ё каси дигар аз қумондонҳои собиқро қаҳрамони миллӣ карданианд, пурсиданиам, ки оё бо ин ҳама «корномаҳо», эшон ишоистаи қаҳрамон будан ҳастанд?! Ва он чӣ мардум мегӯяд, ки Файзалӣ ҳар бегоҳи ҷумъа ба хотири осудагии рӯҳи падараш ду марди кӯҳистониро қурбонӣ мекард, мекушт, оё дурӯғ аст?!. Кошки дурӯғ бошад! Вале магар мардум дар ҳаққи қаҳрамони хеш чунин дурӯғи даҳшатбор мебофанд? Чаро мардум чунин дурӯғҳое дар ҳаққи қумондонҳои шинохтае аз ду ҷониб амсоли Саидшоҳ Шамол, Маҳмадрӯзи Искандар, Ғаффор Мирзо, Саламшоҳ Муҳаббат, Қурбони Чол, Лангарӣ Лангарӣ, Мирзо Зиё ва Ёқуб Салим, ки бештар аз ҳама дар миёни мардум машҳур ҳастанд, намебофанд?».

Муаллиф бар ин назар аст, ки «ҳеҷ қумондоне аз ду ҷониби даргир шоистаи он нест, ки қаҳрамони ин миллат бошад. Дар бораи ҷаҳолату золимии Ризвон Содиров, қумондони мухолифини собиқ низ бо бераҳмӣ ва кушторҳои ноҷавонмардона ва ҷиноёти сангинаш шӯҳрат дорад. Ва бадбахтона Ризвон ҳам чун Файзалӣ ва соири қумондонҳо тоҷик мекушт».

Ба ин далел муаллифи матлаб хулоса мекунад, ки « касе мехоҳад «ҳар як корро дар ҷаҳон сар ба номи Файзалӣ» ё Ризвон кунад, ё сериалҳои нави телевизионӣ дар бораи қаҳрамонону муҷримони ҷанги дохилӣ ва муборизону мухолифони роҳи Истиқлолияти миллат сохтаву омода ва пешкаши мардум кунад, ихтиёр дорад, вале чун имрӯз косаи давр насиб кардааст, тавре бояд зист, ки ном, шараф ва ҳайсияти хешро ҳифз кунем, то дар дафтари таърих барои ҳамеша накӯкору накӯном боқӣ монда бошем».

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG