Пайвандҳои дастрасӣ

Паёмади истеъфои Стив Ҷобс барои ширкати "Apple"


Бо истеъфои Стив Ҷобс, мудири "Apple" яке аз бузургтарин ширкатҳои тавлиди абзорҳои электронӣ дар ҷаҳон, қимати саҳмияҳои он 7 дар сад поин омад. Рӯзи чаҳоршанбе Стив Ҷобси 56-сола, ки аз бемории саратони ғадуди зери меъда ранҷ мекашид, гуфт, дигар қодир ба иҷрои вазифаҳояш нест. Стив Ҷобс, раҳбари шӯрои мудирони "Apple" ва Том Кук, яке аз коргузорони баландмақоми ширкат, ҷойгузини ӯ хоҳад шуд. Наото Фуҷивара як сокини Ҷопон доир ба паёмадҳои эҳтимолии истеъфои Стив Ҷобс мегӯяд: "Хубии "Apple" ин буд, ки пайваста маҳсулоти нав тавлид мекард ва ман метарсам, ки ин корашон суст мешавад." Стив Ҷобс, ширкати Апплро аз вартаи муфлисӣ берун кашида ва мувафақтарин ширкати тавлиди фанновариҳои навин дар ҷаҳон табдил дод. Айфон офаридаи ҳамин ширкат аст.
XS
SM
MD
LG