Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори кӯмак ба мардуми "саргардон" шуд


Кумиссариёи олии паноҳандагони Созмони Милал, аз кишварҳои ҷаҳон хост, ба 12 миллион нафар аз мардуми маҳрум аз мақоми шаҳрвандӣ кӯмак кунанд. Антонио Гутеррес, кумиссионери олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон, имрӯз гуфт, ин мардум “дар аъроф” мондаанд, зеро аз ҳаққи таҳсил, хадамоти тиббӣ, иқомат ва ё кор маҳруманд. Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар солҳои 90 ба Ӯзбакистон рафтаанд, чунин сарнавишт доранд. Ба гуфтаи Созмони Милал ин мушкил дар кишварҳои ҷанубушарқи Осиё, Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқӣ ва Ховари Миёна бисёр ҷиддӣ аст. Аҳдномаи байналмилалии коҳиши мақоми бешаҳрвандиро, ки аз имзои он 50 сол сипарӣ мешавад, танҳо 38 кишвари ҷаҳон имзо кардаанд.
XS
SM
MD
LG