Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО мегӯяд, дар ҷустӯҷуи Қаззофӣ кӯмак мекунад


Паймони НАТО мегӯяд, ба шӯришиён дар Либия, ки мавқеъи худро дар Троблус тақвият бахшиданд, барои пайдо кардани Муаммар Қаззофӣ кӯмак мекунад. Лиам Фокс, вазири дифоъи Бритониё ба телевизиони Скай Нюс гуфт, НАТО дар ҷӯстӯҷуи Қаззофӣ ба шӯришиён бо иттилоъи лозим ва абзорҳои иктишофӣ кӯмак мекунад. Раҳбари Либия, рӯзи сешанбе баъди ишғоли қароргоҳаш дар шаҳри Троблус ғайб зад ва шӯришиён барои сари ӯ 1 миллион доллар ҷоиза ваъда кардаанд ва агар ин корро касе аз атрофиёни худ ӯ кунад, авф хоҳад шуд. Айни замон набард миёни нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ ва шӯришиён дар баъзе аз бахшҳои Троблус идома дорад.
XS
SM
MD
LG