Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар ҳамин ҳол дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ба бозии даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими миллии Узбакистон омодагӣ мебинад.

Ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста таҳти раҳбарии Олимҷон Рафиков 23 футболбоз ҷалб шудааст, ки 15 нафар аз дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, 6 нафар аз тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, якнафарӣ аз дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва ССКА “Помир”-и Душанбе мебошанд.

Ду легионер - ҳимоятгар Фарҳод Восиев, аз тими “Шинник”-и Ярославли Русия ва нимҳимоятгар Манучеҳр Ҷалилов, аз дастаи “Локомотив-2”-и Маскав, баъдтар ба даста ҳамроҳ мешаванд. Вале ҳимоятгар Искандар Ҷалилов, ки дар ҳайати эҳтиётии "Рубин"-и қазон бозӣ мекунад, муддати як моҳ аст, ки ба иллати кандашавии мушакҳои пояш дар сабқат ширкат надорад. Бинобар ин, ӯ ба Тоҷикистон омада наметавонад.

Мутаассифона, дар ҷараёни омодагиҳо машқгоҳи дастаи мунтахабро як нафар - Ҷамшед Исмоилов, нимҳимоятгари тими “Регар-ТадАЗ”, ба иллати лат хӯрдани зонуяш тарк намуд.

Инчунин Фозил Сатторов, ҳамлагари “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар бозӣ бо ССКА “Помир” лат хӯрдааст, дар машқҳо ширкат надорад.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали даври севуми

сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “С”миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Узбакистон 2-вуми сентябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд. Бозӣ соати 16-у 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ оғоз меёбад.

Бозии Тоҷикистону Узбакистонро гурӯҳи ҳакамон аз Чин доварӣ мекунад. Хай Тан - сардовар, Юксин Му ва Жиге Су – ёварони сардовар, Лианг Жао - довари эҳтиётӣ таъйин шудаанд. Муҳаммад Ризо Касроии эронӣ комиссари ин бозӣ мебошад.

Рӯйхати бозигароне, ки дар ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ширкат доранд:

Дарвозабонҳо:

Алишер Тӯйчиев (“Истиқлол”)
Алишер Додов (“Регар-ТадАЗ”)
Владимир Сисоев (“Регар-ТадАЗ”)


Ҳимоятгарон:

Даврон Эргашев (“Истиқлол”)
Эраҷ Раҷабов (“Истиқлол”)
Соҳиб Сувонқулов (“Истиқлол”)
Акмал Сабуров (“Истиқлол”)
Умед Ҳабибуллоев (“Истиқлол”)
Одил Эргашев ("Истиқлол")
Сафаралӣ Каримов (“Регар-ТадАЗ”)
Фаррух Чориев (“Регар-ТадАЗ”)

Нимҳимоятгарон:

Иброҳим Рабимов (“Истиқлол”)
Фатҳулло Фатҳуллоев (“Истиқлол”)
Маҳмадалӣ Содиқов (“Истиқлол”)
Дилшод Восиев (“Истиқлол”)
Ҷаҳонгир Ҷалилов (“Истиқлол”)
Нуриддин Давронов (“Истиқлол”)
Хуршед Маҳмудов (“Регар-ТадАЗ”)
Илҳомҷон Ортиқов (ССКА “Помир”)

Ҳамлагарон:

Наврӯз Рустамов (“Равшан”)
Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”)
Юсуф Рабиев (“Истиқлол”)
Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG