Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии 273 маҳбус аз зиндони Ёвон


Субҳи рӯзи панҷшанбе 273 нафар аз маҳбусон аз зиндони воқеъ дар ноҳияи Ёвон озод шуданд. Ин афрод дар содир кардани ҷиноятҳои сабук, назири дуздӣ, роҳзанӣ қалобӣ ва ғайра муҷрим шинохта шуда буданд.
Зимнан дар ин зиндон 622 маҳбус ба сар мебард, ки дар миёни онҳо 32 нафар аз аъзои Созмони мамнӯъи «Ҷамоати таблиғ» низ ҳастанд. Масъулони маҳбасхона гуфтанд, ки дар рӯзҳои наздик ин афрод низ ба озодӣ мебароянд.
Муддати се рӯзи ахир дар чаҳорчуби иҷрои муфоди «Қонуни афв» 493 нафар аз маҳбусон аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
XS
SM
MD
LG