Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти давлат мегӯянд, низоми иқтисодии кишвар дар ҳоли тағйир ва гузариш қарор дорад.

Аммо коршиносон 20 солро давраи имкониятҳои аздастрафта дар ислоҳот ва рушди иқтисоди Точикистон медонанд. Ва дар посух ба ин иддао шунида мешавад, ки чунин як гузариш кори сода ва зудрас нест.

ГУЗАРИШИ БЕИНТИҲО?

Ба гуфтаи Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо дар ин 20 солт ислоҳот дар шакли моликият, муносибатҳои иқтисоди озоди бозорӣ пиёда шудааст.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар дидор бо вакилони порлумони Олмон воқеияти даврони гузариш ба бозори иқтисодӣ дар Тоҷикистонро чунин шарҳ дода буд: «Мо иқтисоди нақшавӣ, ки бо усул ва шеваҳои
Муҳиддин Кабирӣ

фармонфармоӣ идора мешуд, ба бозори иқтисоди озод бо ҳамин усул ва шеваҳо дохил шудем ва ба ин далел бозори озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба як бозори калон табдил ёфт, ки аз муносибатҳои иқтисоди бозорӣ дур аст. Ва агар муносибатҳои бозори озод ҳамин тартиб идома ёбад, мо 20 соли оянда низ дар ҳамин ҳолати, ба истилоҳ, гузор боқӣ мемонем.»

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, низ ба ҳамин назар аст. Зеро ба таъкиди вай, «агар дар тули 15 соли охир суръати рушди иқтисод, дар Тоҷикистон аз 11 то 13 дар сад таъмин мешуд, он гоҳ мо метавонистем, то соли 2015 аз рӯи истеҳсоли маҷмаи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар фард ба сатҳи иқтисоди соли 1992 мерасидем. Вале ҳоло мо то соли 2020 низ ба сатҳи иқтисоди соли 1992 расида наметавонем.»

КОҲИШИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ

Ҷаноби Умаров далели ин ақибмониро чунин шарҳ дод: «Далели аслӣ суръати пасти рушди иқтисод аст ва воқеият аз ҳисоботи додаи вазоратҳо аз замин то осмон фарқ мекунад. Масалан, меъёри андӯхт дар Тоҷикистон 9,4% аст. Вале суръати рушдро вазоратхонаҳои мо 11 дар сад нишон медиҳанд. Дар ҳоле, ки дар Чин ҳамин меъёри андӯхт 40 дар сад аст ва суръати рушд дар ин кишвар аз 11 то 13% нишон дода мешавад. Мисоли дигар, дар Ҳинд, меъёри андӯхт 26% аст, вале суръати рушд бошад, 6 дар сад дар тули даҳ сол баробар аст.»

Ба гуфтаи профессор Умаров дар Точикистон то ба ҳол нишона ва ё аносири бозори озоди иқтисодӣ вуҷуд надорад.

НАБУДИ БОЗОРИ ОЗОД

Ба гуфтаи профессор Умаров, як унсури асосии бозори озод ин рақобати солим аст. Дар Тоҷикистон ба гуфтаи вай рақобати озод вуҷуд надорад ва синфи тоҷирон ва соҳибкороне, ки дар тули 20 сол ба вуҷуд омадааст, бидуни рақобат ва ба пуштибонии панҷаи пурқувват арзи вуҷуд кардааст ва ҳоло саҳми бозори сиёҳ дар кишвар ҳудуди 70 дар сади робитаҳои молӣ дар ҷумҳуриро ихтиёр дорад.

Барои намуна, аз ҳудуди 22 000 корхонаи давлатӣ дар тули 15 соли ахир, беш аз 16 000 адади онҳо хусусӣ шудааст, ки аз ин миқдор ҳудуди 15 000 корхонаи хусусишуда бо зарфияти комил ва миёна кор намекунад, беш аз 1 100 корхонаи дигар умуман аз фаъолият бозмондааст ва тавлидот дар Тоҷикистон то ҳадди поин расидааст, ки саҳми бахши хусусӣ дар иқтисоди Тоҷикистон 40 дар садро ташкил медиҳад. Дар ин сурат оё метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар даврони гузор ба иқтисоди комили бозори озо д қарор дорад?

«ТИҶОРАТ ҲАСТ, ТАВЛИД НЕСТ»

Профессор Умаров дар посухи ин суол гуфт, «аз соҳаи сектори реалии иқтисод дар Точикистон танҳо тиҷорат боқӣ мондааст, ки усул ва шеваҳои он низ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест. Барои
Ҳоҷимуҳаммад Умаров

мисол, пулҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ ба колоҳои воридшудаи арзон аз Чин дар ҷумҳурии мо табодул мешавад ва ҳамин низом сол аз сол такрор меёбад. Ба ҳамин далел Тоҷикистон ба як бозори калони беназм табдил ёфтааст.»

Ба гуфтаи Умаров, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон барномаи воқеии рушди иқтисодро дар даст надорад ва ҳамасола аз ҳисоби болоравии қимати коло дар бозорҳо мизони рушди иқтисодро муайян мекунад, ки комилан иштибоҳист.

Олим Бобокалонов, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба назари коршиносон дар бораи суръати пасти рушди иқтисод дар ҷумҳурӣ розӣ аст.

Вай роҳҳои беҳбуд бахшидан ба таъмини рушдро чунин тавзеҳ дод: «Тоҷикистонро зарур аст рушди босифати иқтисодро бо навсозии бисёрсоҳаи сохтори иқтисодиро таъмин кунад ва кадрҳои болаёқат ва ҳифаӣиро рӯи кор биорад. Ҳамчунин барои коҳиши мизони мизони камбизоатӣ талош кунад.»

ЗАРБАҲОИ ФАСОД

Ба эътиқоди ҷаноби Бобокалонов дар ҳоли ҳозир сиёсати кадрӣ ва фасоди молӣ ё коррупсия аз хатароти ношӣ ба иқтисоди кишвар ба ҳиСоб меояд. Ба андешаи коршиносон, то замоне, ки Тоҷикистон ислоҳоти кадрӣ, кишоварзӣ ва гуногунсоҳавии саноат ва бахши истеҳсолиро таъмин накунаду дар сиёсати андозбандӣ таҷдид назари ҷиддӣ ба вуҷуд наояд, иқтисод рушд нахоҳад кард ва афзун бар мизони камбизоатӣ ҳамасола хоҳад шуд.

Барои мисол бино ба омори расмии давлат дар ҳоли ҳозир тоҷир ва соҳибкор 80 дар сади даромади худро ба унвони андозҳо ба давлат месупорад. Дар ҳоле, ки давлат барои даст ёфтани бахши хусусӣ ба бонкҳо ва сармоя шароити ҳуқуқӣ фароҳам накардааст.

Ба ҳамин далел аст, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон тақозо кард, ки қонун дар бораи муносибат миёни давлат ва бахши ҳуқуқӣ таҳия шавад.

САМТИ АСОСИИ ИСЛОҲОТ

Аз сӯи дигар ба гуфтаи ҳамин коршиносон ислоҳоте, ки дар Тоҷикистон барои номнависии фаъолияти тоҷирон ва соҳибкорон ба унвони «панҷараи воҳид» сурат гирфтааст, ба далели таъмин набудан бо асноди ҳуқуқии ҳукми қонунӣ дошта судманд нест.

Ба ин далел, ки дар сиёсати андозбандӣ ва гумрукӣ то ба ҳол ислоҳоти ҷиддӣ сурат нагирифтааст.

Ба гуфтаи аксари коршиносон, агар дар сохтори иқтисоди Тоҷикистон ислоҳоти сохторӣ ва кадрӣ сурат нагирад, иқтисоди Тоҷикистон аз бозори беназмӣ тиҷоратӣ бо усули фармонфармоӣ ба бозори воқеии озоди иқтисодӣ табдил нахоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG