Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи пулу афв дар баҳои сари Қаззофӣ


Қаззофӣ (Акс аз бойгонӣ)
Қаззофӣ (Акс аз бойгонӣ)
Ҷунбиши чирикиҳои Либия мегӯяд, нирӯҳояш ба шикори Муаммар Қаззофӣ ва фарзандони ӯ идома медиҳанд. Чирикиҳо дар баҳои қатл ё супурдани Қаззофӣ ба атрофиёни ӯ беш аз 1 миллион доллар ҷоиза ва ҳам афв ваъда кардаанд. Мустафо Абдулҷалил, раҳбари чирикиҳо гуфт: “Як тоҷир дар Бенғозӣ барои ҳар нафаре, ки Қаззофиро таслим кунад, 2 миллион динор ҷоиза таъйин кардааст ва Шӯрои миллии гузор ба навбаи худ, эълон кард, ҳар нафаре аз атрофиёнаш агар Қаззофиро кушад ваё таслим кунад, афв хоҳад шуд.”
Қаззофӣ, ки 42 сол боз бар Либия ҳукумат мекард, баъди ба дасти чирикиҳо гузаштани қароргоҳаш дар Бобулазизияи Троблус нопадид шудааст. Аммо ӯ қасам хӯрда, ки то пирӯзӣ ё марг хоҳад ҷангид. Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ, ки аз нахустин ҳомиёни чирикиҳои Либия маҳсуб мешавад, дирӯз дар Порис дар пайи мулоқот бо Маҳмуд Ҷибрил, аз сарони Шӯрои миллии гузор, гуфт, амалиёти НАТО дар Либия то замони шикасти комили режими Қаззофӣ идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG