Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи тамаддуни Мақар дар Арабистони Саудӣ


Бостоншиносон дар Арабистони Саудӣ ҳафриёти ҷадидеро анҷом медиҳанд, ки баёнгари ҳанӯз 9000 сол қабл дар нимқораи Араб ром кардани аспҳост. Алӣ ал-Ғаббон, бостоншиноси саудӣ аз кашфи тамаддуни ҷадиди бостоние дар мавзеъи Мақар хабар додааст. Ғаббон дар нишасти хабариаш дар Ҷидда гуфт, “тамаддуни Мақар аз тамаддунҳои аввали Неолит, ё худ даврони нави сангист.” Ӯ гуфт, кашфиёти онҳо назарияи ҳамагӣ 5500 сол пеш дар Осиёи Марказӣ ба инсон ром шудани аспро такзиб мекунад.
XS
SM
MD
LG