Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути як киштии кайҳонии Русия


Киштии "Прогресс" (Акс аз бойгонӣ)

Киштии "Прогресс" (Акс аз бойгонӣ)

Роскосмос, ожонси кайҳоншиносии Русия гуфт, як киштии кайҳонии бесарнишинаш дар роҳи парвоз ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ ба мадор нарасидааст. Киштии “Прогресс” дирӯз аз пойгоҳи кайҳонии Байконур дар Қазоқистон ба мадор парвоз карда буд. Интерфакс аз қавли мақомоти Русия хабар дод, ки ин киштӣ дар фазо оташ гирифта, бозмондаҳояш дар минтақаи Сибир суқут кардаанд. Бо анҷоми барномаи парвозҳои шаттли Амрико, киштиҳои Русия танҳо василаи иртибот бо Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG