Пайвандҳои дастрасӣ

Стив Ҷобс аз раҳбарии “Apple” канор рафт


Стив Ҷобс

Стив Ҷобс

Ширкати фанноварии “Apple” эълон кард, ки асосгузораш Стив Ҷобс аз симати мудиромили ширкат истеъфо додааст. Ҷобси 55-сола аз бемории саратон табобат ёфта, аз моҳи январ дар табобат қарор дошт. “Apple” дар як изҳороти катбӣ гуфт, Стив Ҷобс раиси Шӯрои мудирони ширкат интихоб шуд, вале ба симати мудиромил акнун Тим Кукро баргузидаанд. “Apple”, ки аз сӯи Ҷобс дар соли 1976 таъсис ёфтааст, бо як силсила фанновариҳояш, аз қабили компутарҳои навъи “Macintosh”, “iPod”, “iPhone” ва “iPad”-аш дар ҷаҳон маъруф аст.
XS
SM
MD
LG