Пайвандҳои дастрасӣ

Нақби "Истиқлол" аз моҳи сентябр бозсозӣ мешавад


Ҳаракати нақлиёт тавассути нақби “Истиқлол” ба далели шурӯъи корҳои бозсозӣ дар ин нақб дар моҳи сентябр қатъ хоҳад шуд. Мақомоти вазорати нақлиёт ба “Азия Плюс” гуфтаанд, давлати Эрон барои таъмини нақби “Истиқлол” бо васоили ҳавокашӣ ва рушаноӣ 3 миллион доллар ҷудо мекунад, вале ин маблағҳо ҳанӯз ба дасти ширкати эронии “Сангоб”- масъули тарҳи бозсозии нақб нарасидааст. Ироаи 3 миллион доллари дигар дар чаҳорчӯби тарҳи мазкурро ҳукумати Тоҷикистон бар ӯҳда гирифтааст. Нақби панҷкилометрии “Истиқлол” бар пояи 31 миллион доллар маблағгузории Эрон ва наздики 8 миллион доллар саҳми худи Тоҷикистон сохта шуда, фосиларо байни марказ ва шимоли кишвар кӯтоҳ мекунад.
XS
SM
MD
LG