Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми Ё.Салимов ва М.Искандаров дусолӣ кам шуд


Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Бар асоси қонуни афв, барои нахустин бор замони ҳукми зиндони вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов ва раҳбари ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро дусолӣ коҳиш додаанд. Бино ба навиштаи “Азия Плюс”, Ёқуб Салимов дар соли 2004 ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд ва акнун бо коҳиши ин 2 сол то поёни ҳукмаш 4 солу 10 моҳи дигар боқӣ мемонад. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар соли 2005 ба 23 соли зиндон маҳкум шуда, бо 2 сол камтар шудани ҳукмаш бояд тақрибан 14,5 соли дигар дар зиндон бимонад.
Қонуни афве ки ба муносибати солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон тасвиб шуд, дар маҷмӯъ то 15 000 нафарро фаро гирифта, аз ҷумла раҳоии то 4 000 маҳбусро дар назар дорад. Дирӯз тибқи ин қонун 86 маҳбуси ноболиғро аз маҳбаси ноболиғон дар Душанбе озод карданд. Ду рӯз пеш 112 маҳбуси зан, бо шумули овозхони шинохта Фарзонаи Хуршед, аз маҳбаси занонаи Норак хатти барот гирифтанд.
XS
SM
MD
LG