Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тими Тоҷикистон: 15 тан аз "Истиқлол" ва ...


Олимҷон Рафиқов ва Рустами Эмомалӣ

Олимҷон Рафиқов ва Рустами Эмомалӣ

Сармураббии ҷадиди тими миллии футболи Тоҷикистон Олимҷон Рафиқов барои бозии рӯзи 2 сентябр бо тими Узбакистон 25 футболбозро даъват кардааст. 15 тани онҳо аз тими “Истиқлол”-и Душанбеанд, ки ба писари раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ тааллуқ дошта, мураббиаш Рафиқов мебошад.Рустами Эмомалӣ масъули омодагии тими миллӣ низ таъйин шудааст. 7 бозигари дигар аз “Регар-ТадАЗ” ва якнафарӣ аз “Равшан”-и Кӯлоб ва ЦСКА “Помир” даъват шуда, танҳо легионер дар ҳайъати мунтахаби Тоҷикистон Фарҳод Восиев аст, ки дар “Шинник”-и Ярославл бозӣ мекунад. Тоҷикистон дар пайи барканории тими Сурия ба даври гурӯҳии мусобиқот барои дарёфти роҳхати Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 роҳ ёфт ва рӯзи 2 сентябр дар варзишгоҳи Турсунзода бо тими Узбакистон вориди рақобат хоҳад шуд. Дар ин гурӯҳ ҳамчунин тимҳои Ҷопону Кореяи шимолӣ низ бозӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG