Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири Шӯравии пешин танҳо аз Қирғизистон пеш аст, бақия мавқеи беҳтаре доранд.

Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федератсиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 11 зина поин шуд ва дар ҷойи 153-юм қарор дорад.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ танҳо аз Қирғизистон пеш аст. Русия, ки миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал мебошад, мавқеашро 5 зина беҳтар кард (мақоми 18-ум).

Мавқеи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 41-ум (42-ум буд) Беларус. 48 (45) Укроин. 63 (57) Гурҷистон. 56 (58) Литва. 71 (70) Арманистон. 82 (83) Узбакистон. 84 (83) Латвия. 86 (79) Эстония. 88 (85) Молдова. 112 (111) Озарбойҷон. 126 (126) Қазоқистон. 142 (138) Туркманистон. 1453 (142) Тоҷикистон. 177 (179) Қирғизистон.

Дастаи миллии Ҳолланд дар феҳристи навини FIFA дар ҷои аввал аст. Испания дар ҷои дуввум ва Олмон дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Инглистон, Уругвай, Бразил, Итолиё, Португол, Аргентина ва Хорватия ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 26-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (дар феҳристи ҷаҳонӣ 15-ум), Австралия (22), Кореяи Ҷанубӣ (33), Эрон (53), Чин (69), Узбакистон (82), Арабистони Саудӣ (87), Қатар (88), Урдун (92) ва Кувайт (95).

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG