Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии хабарнигорони хориҷӣ аз меҳмонсарои Троблус


Дар Либия хабарнигорони хориҷие, ки ҷонибдорони Муаммар Қаззофӣ дар меҳмонсарои Rixos-и Триполӣ ё Троблус гаравгон гирифта буданд, раҳо карда шуданд. Дар ин бора хабаргузориҳои ғарбӣ иттилоъ доданд.

Дар ҳамин ҳол дар пойтахти Либия набардҳо шадидтар шуданд. Айни ҳол дар бораи макони буду боши худи Қаззофӣ иттилоъе зери даст нест.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, айни ҳол дар ду шаҳри ҷанубии Либия, аз ҷумла, дар шаҳри Сабҳа, даргириҳо идома доранд.

Ошӯбгарон шаби душанбе вориди Троблус шуданд. Дирӯз Шӯрои миллии гузор, ниҳоди расмии ошӯбгарон, эълом дошт, ки ба зудӣ дафтари худро аз шаҳри Бенгозӣ ба пойтахт мекӯчонад.

Фаронса ва чанд кишвари узви Шӯрои амнияти СММ тарҳи қатънома дар бораи дубора фаъол шудани ҳисобҳои бонкии ҳукумати Либия ва лағви таҳримҳо алайҳи ин кишварро таҳия мекунанд. Таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ алайҳи режими Муаммар Қаззофӣ равона шуда буданд.
XS
SM
MD
LG