Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони Ёқуб Салимов ду сол камтар мешавад


Ёқуб Салимов
Ёқуб Салимов
Дар чаҳорчӯби Қонуни афв ҳукми зиндони яке аз маъруфтарин маҳбусони даҳсолаи ахир – фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ ва собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон Ёқуб Салимов ду сол кам мешавад.

Дар ин бора хабаргузории Азия-плюс бо такя ба Раёсати умури ислоҳоти вазорати адлияи Тоҷикистон хабар додааст. Ҳамин тариқ, Ёқуб Салимов бояд чаҳор солу даҳ моҳи дигар дар маҳбас боқӣ бимонад.

Пайвандони фармондеҳи собиқ мегӯянд, ки моҳҳои ахир вазъи сиҳати ӯ бад шудааст ва ӯ ба маризии қалб ва тарбод мубтало гашта чашмонаш ҳам хира шудаанд.

Ёқуб Салимов соли 2003 дар Русия боздошт ва баъд аз чанд моҳ ба Тоҷикистон истирдод шуда буд. Мурофиаи додгоҳии ӯ пушти дарҳои баста панҷ моҳ идома кард. 24 апрели соли 2005 Додгоҳи Олӣ Ёқуб Салимовро дар хиёнат ба ватан, талоши сарнагунсозии ҳукумат, авбошӣ ва сӯиистифода аз мақом ба 15 соли маҳбас маҳкум намуд.

Бо ҳукми додгоҳ ӯ аз рутбаҳои низомӣ ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шуд.
XS
SM
MD
LG