Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифин хостори интихоботи қабл аз вақт шуданд


Мухолифини ҳукумати Украина дар ҳамоише дар Киев талаб карданд, ки дар кишвар интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ ва президентӣ баргузор намоянд.

Онҳо ҳамчунин хостори қатъи таъқиби сарвазири пешин Юлия Тимошенко ва собиқ вазири умури дохилӣ Юрий Лутсенко шуданд ва аз сиёсати иҷтимоиву иқтисодии ҳукумат интиқод карданд.

Имрӯз дар Украина 20-солагии истиқлол таҷлил мешавад. Додгоҳи минтақаии Киев ба аҳзоби сиёсӣ дар ин рӯз доир намудани намоишҳои эътирозӣ дар маркази пойтахтро манъ кард.

Бо вуҷуди ин ҳазорҳо ҷонибдорони мухолифин дар ҳамоиши эътирозӣ дар маркази Киев ҷамъ омаданд.
XS
SM
MD
LG