Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон аз Чин хостори тавсеъаи мубориза бо терроризм шуд


Вазири умури хориҷии Покистон Ҳино Раббонӣ Кҳар

Вазири умури хориҷии Покистон Ҳино Раббонӣ Кҳар

Вазири умури хориҷии Покистон Ҳино Раббонӣ Кҳар аз ҳукумати Чин хостори тавсеъаи муборизаи муштарак бо терроризм шуд.

Ӯ иттиҳоми Пекинро дар бораи даст доштани Исломобод дар бенизомиҳо дар шаҳри Қашғари вилояти Шинҷону Уйғур рад кард. Дар ин минтақаи воқеъ дар ғарби Чин бар асари ҳамлаҳое, ки авоили моҳи моҳи равон сурат гирифтанд, дасти кам 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Мақомоти Чин масъулияти бенизомиҳоро бар дӯши мусаллаҳони «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ» гузоштанд, ки, ба иддаои Пекин, дар Покистон тамрин дидаанд.

Хонум Ҳино Раббонӣ Кҳар дар ҷараёни сафараш ба Чин бо раиси Шӯрои давлатӣ Вэн Сзябао ва ҳамтои чиноияш Ян Тзечӣ музокирот анҷом дод.
XS
SM
MD
LG