Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар заминларза ёдгориҳои таърихии Вошингтон осеб диданд


Одамон барои чанд муддат биноҳоро тарк карданд
Одамон барои чанд муддат биноҳоро тарк карданд
Дар ИМА ҳисоби китоби хисороти шадидтарин дар таърихи шарқи кишвар заминларза шурӯъ шуд.

Бар асари заминларзаи нерӯяш баробар ба 5,8 дараҷаи Рихтер, ки марказаш дар аёлати Вирҷиния воқеъ буд, чанд нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар нерӯгоҳи атомии North Anna дар Вирҷиния кори ду реактор мутаваққиф гардид.

Зилзила дар шаҳрҳои Вошингтону Ню-Йорк ҳам эҳсос гардид, кормандони Пентагон ва Конгресс ба ҷой амн интиқол дода шуданд. Дар Вошингтон дар чанд ёдгории таърихӣ, аз ҷумла, дар Ибодатгоҳи кафедралии миллӣ ва бинои Капитолия тарқишҳо пайдо шуданд.

Барак Обама, ки айни ҳол дар рухсатӣ аст, дар робита ба ин офати табиӣ аз тариқи телеконфаронс ҷасалаи фаврӣ доир кард. Дар ин конфаронс раҳбари Бунгоҳи федеролӣ оид ба вазъи изтирорӣ ҳам ширкат дошт.
XS
SM
MD
LG