Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми ҳабси Ё.Салимов ва М.Искандаров дусолӣ кам шуд


Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон

Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон

Бино бар қонуни афв аз мӯҳлати ҳабси Ёқуб Салимов ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ду солӣ коста шуд.

Бар асоси қонуни афв, барои нахустин бор замони ҳукми зиндони вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов ва раҳбари пешини Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро дусолӣ коҳиш додаанд.

Бино ба навиштаи “Азия Плюс”, Ёқуб Салимов дар соли 2004 ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд ва акнун бо коҳиши ин 2 сол то поёни ҳукмаш 4 солу 10 моҳи дигар боқӣ мемонад. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар соли 2005 ба 23 соли зиндон маҳкум шуда, бо 2 сол камтар шудани ҳукмаш бояд тақрибан 14,5 соли дигар дар зиндон бимонад.

Як манбаъ дар Раёсати умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ин тасмим дар пайи иҷрои Қонуни афв сурат гирифт, ки ҳафтае қабл аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон тасвиб ва аз сӯи раисиҷумҳур ба имзо расид.

Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилии Тоҷикистон, соли 1997 ба ҳамдастӣ дар ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии Маҳмуд Худойбердиев муттаҳам шуда, аз Тоҷикистон фирор кард. Ӯ соли 2003 дар шаҳр Маскав боздошт гардид ва дар соли 2004 бо тақозои мақомоти Душанбе, ба Тоҷикистон оварда шуд.

Генерал Ёқуб Салимов 25-уми апрели соли 2005 бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҷароими сангине ба мисли хиёнат ба ватан, ҳифзу тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб, ки паёмадҳои вазнин ба дунбол доштааст, ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Бо ҳукми додгоҳ ҳамчунин генерали собиқи тоҷик аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ маҳрум гардид. Ёқуб Салимов аз фармондеҳони маъруфи Фронти Халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буда, дар соли 1992 дар амри ба сари қудрат овардани Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон, нақши муҳиме доштааст.

Ин дар ҳолест, ки наздикони ӯ, аз ҷумла модараш борҳо ба идораҳои давлатии Тоҷикистон нома навишта ва аз вазъи сиҳҳати ӯ дар як соли ахир изҳори ташвиш кардаанд. Онҳо мегӯянд, генерал Салимов ҳоло аз бемории қалб, ревматизим ва биноӣ ранҷ мебарад.

Афви Ёқуб Салимов дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки дар арафаи эълони афв расонаҳо ва таҳлилгарон борҳо ба эҳтимол ва зарурати афв шудани ӯ ишора мекарданд. Бархе аз нашрияҳо ёдовар мешуданд, ки Салимов раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро аз ҳама ба ҷонаш дар Хуҷанд ҳифз кард ва наҷот дод.

Ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар ҳоле афв мешавад, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар боздошти ӯро ғайриқонунӣ мешуморанд ва хостори пажӯҳиши ҷиноии қазияи боздошт ва рабоиши ӯ аз Русияанд.

Қонуни афве ки ба муносибати солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон тасвиб шуд, дар маҷмӯъ то 15 000 нафарро фаро гирифта, аз ҷумла раҳоии то 4 000 маҳбусро дар назар дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG