Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи чаҳор низомии русе, ки аз таркиш дар тамрингоҳи Ашулуки вилояти Астрахани Русия осеб дидаанд, вахим арзёбӣ мешавад.

Дар ин ҳодиса, ки шоми сешанбе рӯх дод, 12 сарбоз ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи телевизиони РТР, то субҳи имрӯз ҳамаи маҷрӯҳон ҷарроҳӣ шуданд.

Тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст. Бар пояи фарзияи муқаддамотӣ, ҳангоми ҳамлу нақл як гулула аз аз таҳизоти “Град” таркида ба думболи он боз чанд гулулаи дигар ҳам инфиҷор шуданд. Ин гулулаҳо бояд бехатар гардонида мешуданд.

Вазири дифоъи Русия Анатолий Сердюков хабар дод, ки раванди бехатарсозии гулулаву мушакҳо идома хоҳад ёфт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG