Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли боз як мансабдор дар Ҳилманди Афғонистон


Дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, як мансабдори маҳаллӣ кушта шуд. Дар шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилоят, афроди ношиноси савори мотосикл сӯи ӯ оташ кушоданд.

Ин сеюмин ҳодисаи куштори мансабдорони Ҳилманд дар чанд рӯзи ахир аст.

Охири ҳафтаи гузашта волии Ҳилманд Гулоб Мангал аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурда буд. Як маргталаб худро дар канори бинои дафтари волӣ тарконид, ки бар асари он як корманди полис захмӣ шуд.
XS
SM
MD
LG