Пайвандҳои дастрасӣ

Гази Русия ба Кореяи Шимолӣ интиқол меёбад


Сарони Русия ва Кореяи Шимолӣ дар мавриди ҳамкорӣ дар бахши хариду фурӯши газ ба созиш расиданд. Дар музокироти Дмитрий Медведев ва Ким Чен Ир дар ҷумҳурии Бурятия дар бораи таъсиси комиссиюни вижае тасмим гирифта шуд, ки тарҳи интиқоли гази Русия ба Кореяи Шимолӣ тавассути қаламрави Чинро таҳия мекунад.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти Кремл, раҳбари Кореяи Шимолӣ дар мулоқот бо Медведев ҳамчунин изҳор намудааст, ки Пхенян барои эҳёи музокироти шашҷониба оид ба барномаи ҳастаии Креяи Шимолӣ бидуни шарти пешакӣ омода аст.

Ким Чен Ир охири ҳафтаи гузашта тавассути қатора вориди Русия шуд. Дар ҷараёни сафари ӯ ба шарқи Русия аз чораҳои шадиди амниятӣ кор гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG