Пайвандҳои дастрасӣ

Универсиадаи XXVI тобистонаи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Шэнжэни Чин тӯли 12 рӯз идома кард, дар ҳисоби умумидастаӣ бо пирӯзии мунтахаби Чин ба анҷом расид.

Чин бо 145 медал (75 тилло, 39 нуқра ва 31 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб кард.

Русия бо 132 медал (42+45+45) дар ҷойи дуввум ва Куриёи Ҷанубӣ бо 79 медал (28+21+30) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Ҷопон бо 87 медал (23+26+38) дар ҷойи чаҳорум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 50 медал (17+22+11) дар ҷойи панҷум мебошанд.

Дар байни даҳ дастаи беҳтарин, инчунин, Италия - 30 (12+5+13), Укроин - 44 (11+19+14), Тайван - 32 (7+9+16), Туркия - 22 (7+7+8) ва Тайланд - 18 (7+2+9) ҷойгир шуданд.

Аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо Чин ҷойи аввал, Русия ҷойи дуввум ва Ҷопон ҷойи севумро соҳиб гаштанд.

Ямайка шаш медали тилло, Лаҳистон, Литва, Австралия, Зеландияи Нав ва Маҷористон панҷтоӣ, Фаронса чаҳор, Руминия, Беларус ва Индонезия сетоӣ, Олмон, Испания, Бразилия, Африқои Ҷанубӣ, Куриёи Шимолӣ, Португалия, Сербия, Ҷумҳурии Чех, Британияи Кабир, Ҳиндустон ва Нидерланд дутоӣ, Мексика, Эрон, Швейтсария, Словакия, Мароккаш, Алҷазоир, Эстония, Миср, Молдавия, Арманистон ва Хорватия яктоӣ медали тилло ба даст овардаанд.
Бо медалҳои нуқраву биринҷӣ, ҳамчунин, варзишгарони донишҷӯ аз Канада, Муғулистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Вйетнам, Малайзия, Австрия, Белгия, Исроил, Филиппин, Сингапур, Словения, Узбакистон, Ҳонконг, Кипр, Куба, Эквадор, Гурҷистон, Юнон, Кения, Македония, Мозамбик ва Шветсия мукофотонида шуданд.
Ба барномаи Универсиада 26 навъи варзиш шомил буд. Дар мусобиқот беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 150 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.

Вале Тоҷикистон бо шумули ду варзишгар дар Универсиада аз медалҳо бенасиб монд. Варзишгарони тоҷик Фарҳод Қуралов (давидан ба масофаи 800 метр) ва Надима Мирзоева (ниммарафон) ноком гаштанд.

Универсиадаи XXVII тобистонаи ҷаҳонӣ соли 2013-ум дар шаҳри Қазони Тотористони Русия баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG