Пайвандҳои дастрасӣ

Қаззофӣ ақибнишиниашро "иқдоми тактикӣ" номид


Муаммар Қаззофӣ дар паҳлуси Ҳуснӣ Муборак

Муаммар Қаззофӣ дар паҳлуси Ҳуснӣ Муборак

Муаммар Қаззофӣ ақибнишиниаш аз Троблусро “иқдоми тактикӣ” номидааст. Ин дар ҳолест, ки чирикиҳо дирӯз бо тасарруфи қароргоҳи ӯ дар Троблус ҳалқаи назорати худ бар пойтахти Либияро тавсиа доданд. Қаззофӣ аммо дар баёнияе, ки телевизиони арабии Ал-Уруба нашр кард, қасам хӯрда, ки то “шаҳодат” ё пирӯзӣ хоҳад ҷангид. Сухангӯи Қаззофӣ ба Ал-Уруба гуфтааст, ки ӯ омода ҳаст алайҳи чирикиҳо моҳҳову ҳатто солҳо муқовимат кунад ва Либияро ба “вулқону оташу хокистар” бинишонад. Чирикиҳо мегӯянд, дар набард барои Троблус беш аз 400 тан кушта ва дастикам 2000 тан захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG