Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои чирикиҳо аз Бенғозӣ ба Троблус мекӯчад


Тантанаҳо дар Троблус
Тантанаҳо дар Троблус
Шӯрои миллии гузор то 2 рӯзи дигар аз Бенғозӣ ба Троблус мекӯчад. Сарҳанг Аҳмад Умар Банӣ, аз раҳбарони ин ниҳоди олии чирикиҳои Либия гуфт, бо тасарруфи пойгоҳи асосии Муаммар Қаззофӣ дар минтақаи Бобулазизия тамоми пойтахти Либия таҳти назорати онҳо қарор гирифт. Чирикиҳо бо тасарруфи Бобулазизия таҷлили пирӯзӣ мекунанд. Аммо куҷо шудани худи Қаззофӣ ҳанӯз маълум нест. Кирсан Илюмжинов, раиси ФИДЕ- Федеросиюни ҷаҳонии шоҳмот ва дӯсти Қаззофӣ гуфтааст, ки бо ӯ телефонӣ сӯҳбат дошт ва Қаззофӣ таслим шуданӣ нест.
XS
SM
MD
LG