Пайвандҳои дастрасӣ

Нуқтаи гардиш дар қазияи қатли А.Политковская


Дар Маскав дар иртикоби қатли хабарнигори мунтақиди Кремл Анна Политковская як афсари бознишастаи пулисро боздошт кардаанд. Сухангӯи кумитаи тафтишотии Русия гуфт, подполковники мустаъфӣ Дмитрий Павлюченков ба ташкили гурӯҳи омилони ин куштор ва таъмини онҳо бо силоҳ айбдор мешавад. Анна Ставитская, вакили мудофеъи хонаводаи Политковская ин боздоштро “ як нуқтаи гардиш” дар ҷараёни таҳқиқи ин қатли пурсарусадо номид. Анна Политковская моҳи октябри соли 2006 дар назди манзилаш дар Маскав кушта шуд.
XS
SM
MD
LG