Пайвандҳои дастрасӣ

Як фармондеҳи асируфтодаи Толибон дар ҷанубуғарби Афғонистон мегӯяд, ки бо ҳадафи тахриби як сарбанди бузурги ин минтақа дар Эрон тамрин гирифтааст. Мулло Додуллоҳ ахиран дар мавзеъи Лаши Зовияи вилояти бо Эрон ҳаммарзи Фараҳ боздошт шуда буд. Ӯ, ки тақрибан 150 ҷангии толибро таҳти фармон дошт, дирӯз зери назари пулис ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ тайи 3 моҳ дар Эрон машқ дид ва мураббиёни онҳо арабу покистониву эрониҳо будаанд.
Қаблан мақомоти аршади Амрикову Афғонистон чандин бор Эронро ба ҳимоят аз чирикиҳои афғон айбдор кардаанд. Аммо Теҳрон ин иттиҳомотро ҳамеша радд мекард.
Мулло Додуллоҳ аммо гуфт, барои тахриби обанбори муҳими Камолхон дар вилояти Нимрӯз аз эрониҳо 50 000 доллар гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG