Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми 2 нафар бо ҷурми узвият дар "Ҷиҳодчилар"


Додгоҳи Сурхондарёи Узбакистон ахиран Аҳмад Болтаеви 19-соларо бо ҷурми ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, тавзеъи адабиёти алайҳи низом ва қасди ғасби қудрат ба 15 сол ва Файзуллоҳхон Акбаровро бо ҷурми узвият дар гурӯҳи “Ҷиҳодчилар” ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Онҳо аз ҷумлаи 12 паноҳҷӯи узбаке буданд, ки ахиран аз Қазоқистон истирдод шуданд. Созмони "Эзгулик" мегӯяд, 10 тани дигар аз ин гурӯҳ бо ҷурми узвият дар созмони “Ҷиҳодчилар” ба додгоҳи Тошканд эҳзор шудаанд. Мақомоти Қазоқистон ҳанӯз соли гузашта 29 паноҳҷӯи узбакро, ки дар Узбакистон ба ифротгароии мазҳабӣ айбдор мешаванд, бо дархости Тошканд боздошт кард ва алорағми эътирозҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба Узбакистон супурд.
XS
SM
MD
LG