Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳияи "харитаи роҳи демократия" барои Озарбойҷон


Утоқи ҷамъиятӣ – як эътилофи мухолифини Озарбойҷон мехоҳад то поёни ҳафтаи равон як тарҳи мавсум ба “харитаи роҳи демократия”-ро ба мақомоти ин кишвари худкомаи шӯравии собиқ ироа кунад. Ин созмон ба манзури таҳияи чунин “харитаи роҳ” ба баҳси серӯза дар Боку шурӯъ кардааст. Гуфта мешавад, тарҳи ниҳоии “харитаи роҳи демократия” барои Озарбойҷон то рӯзи шанбе таҳия хоҳад шуд. Ин тарҳ анҷоми ислоҳот дар 3 марҳаларо фаро мегирад. Дар қадами аввал эҷоди фазои муносиби сиёсӣ, бо шумули афви маҳбусони сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардум, сониян, ислоҳи Қонуни асосӣ ва қонуни интихобот ва дар марҳалаи ниҳоӣ рӯи кор овардани як ҳукумати машрӯъ аз роҳи интихоботи демократӣ дар назар дошта шудааст. Аммо ҳизби ҳокими Йенӣ Озарбойҷон ин тарҳро алакай радд кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG