Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тоҷики 38-сола дар Любертси


Як шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон, ки 14 сол боз бо иттиҳоми ғоратгарӣ таҳти пайгард қарор дошт, дар вилояти Маскав боздошт шудааст. Исми ӯ оварда намешавад, вале мақомоти вазорати умури дохилаи Русия ба Интерфакс гуфтаанд, ки ин нафар дар соли 1997 ҳамроҳи як гурӯҳи ҷиноӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба анҷоми ҳамалот ба манзили мардум бо ҳадафи ғоратгарӣ машғул буда, бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шудааст. Ӯро ахиран бо шиносномаи ҷаълии Қирғизистон дар ҳудуди ноҳияи Любертсии вилояти Маскав дастгир кардаанд ва феълан масъалаи истирдоди ӯ ба Душанбе баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG