Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзона: "Ба назди мухлисонам бар хоҳам гашт"


Фарзонаи Хуршед баъди раҳоӣ аз маҳбас
Фарзонаи Хуршед баъди раҳоӣ аз маҳбас
Овозхони шинохта Фарзонаи Хуршед баъди раҳоияш аз маҳбаси занонаи Норак ба Радиои Озодӣ гуфт, ба саҳна бар хоҳад гашт. Фарзонаи Хуршед, ки дар авоили соли гузашта бо ҷурми кумак ба фирори дӯстдоштааш Фаррух Рӯзиев аз додгоҳ ба 2 соли зиндон маҳкум шуда буд, дирӯз дар қатори 111 зани дигар бар асоси қонуни афв аз зиндони Норак озод шуд. Тибқи ин қонун, ки ба муносибати солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон тасвиб шудааст, раҳоии то 4 000 маҳбус дар назар дошта шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ин қонун дар маҷмӯъ то 15 000 маҳбусу муттаҳамро фаро хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG