Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додхоҳии муҳоҷирони истисморшуда


Муҳоҷирони тоҷик, ки мегӯянд, дар Русия истисмор шудаанд, аз як созмони ҷамъиятӣ кӯмак хостаанд.

Шикояти онҳо дар Рӯзи байнулмилалии зидди ғуломдорӣ ва истисмор ба дасти мо расид.

Раҳматулло Мақсудов, сокини шаҳри Кӯлоб аз онҳоест, ки як сол пеш дар Русия ба ғуломӣ афтод.

Ӯ ҳамроҳи писараш ва чанд тани дигар аз
Дар нӯҳ моҳ ҳамагӣ ба мо 2 ҳазор рубли русӣ доданд, ки ин ҳеҷ маблағе нест. Гӯё мо бе маблағ кор кардем...

ҷониби як ширкати русӣ истихдом шуд, вале акнун пас аз дар 9 моҳи кор ба онҳо пуле намедиҳанд, ки ҳатто ба билети бозгашташон кофӣ бошад.

Ҷаноби Мақсудов мегӯяд, онҳоро барои шартнома бастан ба ин ширкати оренбургӣ Юрий Княев, сарвари ҷамъияти русзабонони Кӯлоб ҷалб карда, инчунин барои миёнаравӣ аз онҳо маблағ гирифтааст. Аммо ҳангоме фиреб хӯрду ба Княев муроҷиат кард, дар ҷавоб таҳдид шунид. Бо гузашти мӯҳлати тӯлонӣ ҳанӯз ба доди ӯ ва дигар ҳамсафаронаш касе нарасидааст.

Бе кас, бе пушт, бе паноҳ

Вай мегӯяд: «Ҳуҷҷатҳои мо дар дасти ҳамон ширкат буд. Баъди нӯҳ моҳ мо бо зориву тавалло ҳуҷҷатҳоямонро гирифтем. Дар нӯҳ моҳ ҳамагӣ ба мо 2 ҳазор рубли русӣ доданд, ки ин ҳеҷ маблағе нест. Гӯё мо бе маблағ кор кардем ва ҳуҷҷатҳоямонро бо як азоб гирифта, дар дигар ҷо кор кардем ва ба Тоҷикистон баргаштем.»

Талоши мо барои сӯҳбат бо Юрий Княев, сарвари ҷамъияти русзабонҳои Кӯлоб бенатиҷа анҷом ёфт. Аммо масъулони созмони ҷамъияти «Шаҳрванд» дар Кӯлоб мегӯянд, ин нафар беш аз 150 сокини Кӯлобро ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристодааст, ки ҳамагӣ ҳадафи истисмор қарор ёфтаанд.

Кӯмак ба қурбониён

Гулчеҳра Муродова, як масъули ин созмон, ки бо муҳоҷирони фиребхӯрда кор мебарад, мегӯяд, дар ҳамкорӣ бо Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират маълум карданд, ки воқеан, аксари ин сокинон дар Русия истисмор шудаанд. Ӯ мегӯяд, феълан созмони онҳо ба 12 нафар аз ин муҳоҷирон кӯмаки моддӣ расонидааст ва боқӣ ҳоло кӯмаки ҳуқуқӣ мегиранд. Аммо ба гуфтаи хонум Муродова азияти ҳеҷ кадоме аз ин муҳоҷирон то кунун ҷуброн нашудааст.

Вай афзуд: «Бисёре аз ин муҳоҷирон хоҳиш доранд, ки нафароне, ки онҳоро фиреб додааст ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.»

Дар ҳамин ҳол, Шариф Комилов, як муҳоҷири меҳнатӣ бар ин аст, ки аз ҳама беш дар Русия муҳоҷирони тоҷик истисмор мешаванд, зеро зудбовар, соддалавҳӣ ва беҳимоятанду русиро хуб намедонанд. Ӯ мегӯяд, корфармоёни рус низ ин ҷиҳати масъаларо хуб медонанд ва дар аксар маврид аз он истифода мекунанд, зеро бовар доранд, ки дар чунин сурат касе ба доди муҳоҷирони тоҷик намерасад.

Насли муҳоҷирони зирак

Аммо Додарбек Саидалиев, як коршиноси маҳаллӣ, ки таи чанд соли ахир дар масоили мушкили муҳоҷирон бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад, аз мушоҳидаҳои худ мегӯяд, ки таи ду соли ахир истисмори муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби корфармоёни рус ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Ба қавли ҷаноби Саидалиев, мушкилоти зиёд дар Русия як насли муҳоҷиронеро тарбия кардааст, ки метавон онҳоро "муҳоҷирон ҳушёр" ном бурд: «Агар гӯем, ки як насли муҳоҷирони таҷрибадида тарбия ёфтаанд, хато намекунем. Онҳо хубиву бадии муҳоҷиратро омӯхтаанд ва хеле эҳтиёткоранд. Аз сӯи дигар созмонҳои мардумӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон фаъоланд ва инҳо ҳам ба зиракии муҳоҷирон саҳм гузоштаанд. Лек агар гӯем, ки истисмор аз байн рафтааст, хато мекунем, танҳо коҳиш ёфтааст.»

23-уми август, дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии гиромидошти хотираи қурбониёни ғуломдорӣ ва одамфурӯшист.

Эҳтимол меравад, баргузории маҳфилу ҳамоишҳо ба ин муносибат маърифати муҳоҷиронро барои муқовимат ба чунин падидаҳо афзоиш хоҳад дод ва онҳо на пас аз нокомӣ дар пайи ислоҳи вазъ хоҳанд шуд, монанди 150 сокини Кӯлоб, балки қаблан роҳ нахоҳанд дод, ки ҳадафи истисмор ва беэҳтиромӣ қарор гиранд.
XS
SM
MD
LG