Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RSF: "Иттиҳомоти Ӯрунбой Усмоновро лағв кунед"


Гузоришгарони бидуни марз, аз мақомоти интизомии Тоҷикистон хостааст, тамоми иттиҳомот алайҳи Урӯнбой Усмонов, хабарнигори Радиои Би Би Си-ро лағв кунад. Ин созмони ҳомии озодии сухан қароргоҳаш дар Фаронса бо нашри баёнияе ҳамчунин хостааст, “масъулони шиканҷаи Ӯрунбой Усмоновро ба муҳокима кашад.” Ӯрунбой Усмонов, ки 13 июн бо иттиҳоми узвият дар созмони тундрави Ҳизб ут-Таҳрир боздошт шуд, ҳоло ба пинҳон нигаҳ доштани ҷиноят муттаҳам мешавад. Ӯ тамоми иттиҳомотро рад мекунад. Мурофиаи додгоҳии ӯ рӯзи панҷшанбе дар Хуҷанд аз сар гирифта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG