Пайвандҳои дастрасӣ

Тафтиши қароргоҳи як телевизиони Қазоқистон


Хабарнигорони Стан Ти Ви, як телевизиони интернетии Қазоқистон мегӯянд, гурӯҳе аз нозирони ниҳодҳои давлатӣ, бидуни огаҳии пешакӣ, қароргоҳи телевизионро тафтиш кардаанд. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Элина Жданова ва Бауржан Мусиров, гуфтаанд, сабаби тафтиши ногаҳонӣ аз тарафи нозирони хадамоти меъморӣ, оташнишонӣ ва беҳдоштӣ инъикоси бетарафонаи рӯйдодҳо дар Қазоқистон будааст. Нозирони ниҳодҳои мазкур гуфтаанд, мардуми атрофи бино шикоят кардаанд, ки мавҷгири бузурги телевизион метавонад, ба сиҳатии онҳо осеб расонад. Аммо ин сокинон гуфтаанд, ки пулис онҳоро маҷбур кардааст, то чунин шикоят нависанд.
XS
SM
MD
LG