Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯришиёни Либия мегӯянд, ба сӯи қароргоҳи пурмуҳофизи Муаммар Қаззофӣ дар Троблус ҳаракат мекунанд.

Онҳо мегӯянд, ҳоло ба истиснои қароргоҳи Боб-ул-Азизия, ки шояд Муаммар Қаззофӣ он ҷо бошад, дигар тамоми бахшҳои Троблусро тассаруф кардаанд.

Паймони НАТО имрӯз таъйид кард, ки
Иттилооти зиёд ва аксаран зиддунақиз аз он ҷо мерасад. Ҳарду тараф иддаои пирӯзӣ мекунанд ва албатта, иттилои возеҳ дар ин муноқиша кам аст...

Троблус дар дасти шӯришиён аст, агарчӣ нерӯҳои Қаззофӣ мегӯянд, онҳоро ақиб задаанд.

Роланд Лавуа, сухангӯи НАТО имрӯз ба телевизиони Би-би-сӣ гуфт: "Бешак, метавонем бигӯем, ки бахши аъзами Троблус дар тассаруфи нерӯҳои зидди Қаззофӣ аст. Аммо ёдамон наравад, ки мо дар марҳилаи муҳими гузор қарор дорем. Иттилооти зиёд ва аксаран зиддунақиз аз он ҷо мерасад. Ҳарду тараф иддаои пирӯзӣ мекунанд ва албатта, иттилои возеҳ дар ин муноқиша кам аст."

Ба ҳамин шакл иттилоъ дар бораи боздошти писарони Қаззофӣ низ тадсиқ нагашт, балки баръакс рад шуд.

Субҳи сешанбе Сайфулислом Қаззофӣ дар яке аз меҳмонсароҳои пойтахти Либия зуҳур

намуда, овозаҳо дар бораи ҳабсашро бепояву асос хонд. Сайфулислом гуфт, иддаоҳои ошӯбгарон дар бораи ишғоли 95 дарсади Троблус низ дурӯғи маҳз аст. Ӯ ошӯбгаронро каламуш номида, пайравонашро ба набард даъват кард: “Тавре мо мувофиқат кардаем, мо худро мусаллаҳ намуда, Иншооллоҳ бар зидди каламушҳо қиём мекунем.”

Сайулислом дар яке аз меҳмонсароҳои маркази пойтахти Либия бо хабарнигорони ғарбӣ ҳамсӯҳбат шуда, иброз дошт, ки рӯзи душанбе ҳамлаи ошӯбгарон болои қароргоҳи падараш ноком шуду онҳо бо хасороти зиёд ақибнишинӣ карданд.

Додгоҳи Ҷиноии Байналмилалӣ дархост намудааст, ки Сайфулислом ҳамроҳ бо падараш Муаммар Қаззофӣ барои муҳокима ба ин додгоҳ интиқол ёбанд. Додгоҳ онҳоро бо куштор, шиканҷа ва маҷрӯҳ намудани садҳо эътирозгар муттаҳам мешаванд.

Сафири Либия дар Вашингтон Алӣ Сулаймон Авҷалӣ, ки аз ҷонибдорони ошӯбгарон ба шумор меравад, гуфт нерӯҳои содиқ ба Қаззофӣ ба зудӣ мағлуб хоҳанд шуд:
“Қаззофӣ ғайри қобили пешбинӣ аст. Аз дасти ӯ ҳар кор меояд. Чаро ӯ то ин замон мардуми либиро ба қатл мерасонд? Оё ӯ дар ин ҷанг пирӯз мешавад? Не. Ин қассосгирӣ мебошад. Ӯ мехоҳад одам кушад. Ӯ мехоҳад ба мардуми либӣ дарс диҳад. Ӯ бар зидди халқаш ҳар корро карда метавонад. Вале ба фикри ман ӯ дигар василаву имкони ичрои ин корро надорад.”

Раиси ҳукумати давраи гузариш Мустафа Абдуҷалил дар шаҳри Бенғозии Либия гуфт, ӯ умедвор аст, ки Қаззофӣ зинда боздошт шуда, мавриди муҳокимаи одилона қарор мегирад.

Рӯзи сешанбе баъди мулоқот бо Абдуҷалил вазири корҳои хориҷии Туркия Аҳмад

Довудоғлу гуфт, ки паймони НАТО бояд амалиёт дар Либияро идома диҳад.
Дар шаҳри Бенғозӣ Довудоғлу изҳори умед кард, ки то охири моҳи Рамазон пулҳои мунҷамидшудаи давлати Либия раҳо гашта, ба нафъи мардуми ин кишвар масраф мешаванд.

Ҳафтаи равон нишасти гурӯҳи байналмилалии тамоси Либия дар Истанбули Туркия ниёзмандии мардуми Либияро баррасӣ хоҳад кард. Туркия ба таҳрими Либия ва амалиёти НАТО дар ин кишвар мухолиф буд, вале дар моҳи май мақомоти Анкара ҳукумати ошӯбгаронро ба ҳайси ҳуккумати расмии либия эътироф намуд.

Рӯзи душанбе Довудоғлу бо котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон ва даҳ вазири корҳои хориҷии кишварҳои гурӯҳи байналмилалии тамоси Либия роҳҳои кӯмаки сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ ба мардуми Либия дар давраи гузариш ба ҳукуматдории демократиро баҳс кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG