Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО мегӯяд, умри режими Қаззофӣ ба поён мерасад


Паймони НАТО имрӯз гуфт, бо ишғоли бисёре аз бахшҳои шаҳри Троблус аз сӯи шӯришиёни Либия, суқути Муаммар Қаззофӣ наздик шудааст. Роланд Лавуа, сухангӯи НАТО имрӯз дар Брюссел ба хабарнигорон гуфт:"Бо вуҷуди ғавғое, ки онҳо дар Троблус мекунанд, умри режими Муаммар Қаззофӣ ба поёни худ наздик мешавад. Аз ин рӯ масъала барои мо ҳалшуда аст ва суол танҳо ин аст, ки кай?" Роланд Лавуа гуфт, НАТО намедонад, ки Қаззофӣ куҷост. Пештар аз ин шӯришиёни Либия гуфтанд, ба сӯи қароргоҳи қароргоҳи Боб ул-Азизия ҳаракат мекунанд, ки шояд Муаммар Қаззофӣ онҷост. Аз сӯи дигар, Сайф ул-Ислом писари Қаззофӣ ки гуфта мешуд, боздошт шудааст, дар шаҳри Троблус пайдо шуд ва хабари боздошташро рад кард.
XS
SM
MD
LG