Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳаракати шӯришиёни Либия ба сӯи қароргоҳи Қаззофӣ


Шӯришиёни Либия мегӯянд, ба сӯи қароргоҳи пурмуҳофизи Муаммар Қаззофӣ дар шаҳри Троблус ҳаракат мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳоло ба истиснои қароргоҳи Боб ул-Азизия, ки шояд Муаммар Қаззофӣ онҷост, дигар тамоми бахшҳои Троблусро тассаруф кардаанд. Паймони НАТО имрӯз таъйид кард, ки Троблус дар дасти шӯришиён аст, агарчӣ нерӯҳои Қаззофӣ мегӯянд, онҳоро ақиб задаанд. Роланд Лавуа, сухангӯи НАТО имрӯз ба телевизиони Би Би Си гуфт: "Бешак метавонем бигӯем, ки бахши аъзами Троблус дар тассаруфи нерӯҳои зидди Қаззофӣ аст. Аммо ёдамон наравад, ки мо дар марҳилаи муҳими гузор қарор дорем. Иттилоъоти зиёд ва аксаран зиддунақиз аз онҷо мерасад. Ҳарду тараф иддаъои пирӯзӣ мекунанд ва албатта иттилоъи возеҳ дар ин муноқиша кам аст." Шӯришиёни Либия шаш моҳ боз аст, барои хотима додан ба ҳукумати 42-солаи Муаммар Қаззофӣ алайҳи ӯ меҷанганд.
XS
SM
MD
LG