Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайф ул-Ислом дар Троблус зоҳир шуд


Сайф ул-Ислом, писари Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия, ки аз боздошташ аз тарафи шӯришиён мегуфтанд, имрӯз дар шаҳри Троблус пойтахт зоҳир шуд. Сайф ул-Ислом субҳи имрӯз дар як меҳмонсарои маҳалли иқомати хабарнигорони хориҷӣ сухан гуфт ва сару садо доир ба боздошти худро рад кард: "Аввалан ҳамаи овозаҳо дурӯғ аст. НАТО ва кишварҳои ғарбӣ бо фанновариҳои навашон, тамоми мухобиротро номумкин ва ё халалдор кардаанд. Онҳо пахши барномаҳои телевизиониро қатъ карданд ва ҷанги матбуотиву электроние шурӯъ намудаанд, то дар Либия ҳарҷу марҷ ва тарс паҳн кунанд." Шӯришиёни Либия рӯзи душанбе гуфтанд, ки Сайфул Исломро боздошт карданд, ки ба ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам мешавад ва мавриди ҷустуҷӯи Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноят қарор дорад. Шӯришиёни Либия, ки бисёре аз манотиқи пойтахт шаҳри Троблусро дар даст доранд, мегӯянд, мавқеъҳояшонро мустаҳам кардаанд. Ин шӯришиён тақрибан ним сол аст, ки барои хотима додан ба ҳукумати 42-солаи Қаззофӣ дар Либия меҷанганд.
XS
SM
MD
LG