Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Бан Кӣ Мун аз рафтори Башшор Асад


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро, барои идомаи саркӯби бераҳмонаи тазоҳуроти зиддидавлатӣ интиқод кард. Бан Кӣ Мун мегӯяд, Башшор Асад ба ин аҳдаш, ки тамоми амалиёти низомӣ ва амниятиро хотима хоҳад дод, вафо накардааст. Ба гуфтаи ӯ, раҳбарони зиёди ҷаҳон аз раиси ҷумҳури Сурия хостаанд, то ба хушунат дар кишвараш поён диҳад. Пеш аз ин баёнияи Бан Кӣ Мун, Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар як нишасти изтирории дурӯза, вазъи Сурияро баррасӣ кард ва дар ҷараёни он Навӣ Пиллай, масъули умури ҳуқуқи башари Созмони Милал, гуфт, дар ҷараёни амалиётҳои амниятии панҷмоҳаи маъмурони амниятии Сурия бештар аз 2200 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG